Феврал 01, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронӣ аз афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон

Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон дар баёнияе аз афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар, ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “ОВО”, дар ин баёния эълом шудааст, дар соли 2017 дар ин кишвар 9 ҳазор тон маводи мухаддир тавлид шуда, ки ин миқдор, ду баробари тавлиди маводи мухаддир, дар соли 2016 ва рақами бесобиқа ва нигаронкунандааст.

Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон эълом кард, мубориза бо ин падидаи шум, азми миллӣ ва ҷаҳонӣ металабад.

Беш аз 3 миллион нафар аз мардуми Афғонистон мӯътод ба маводи мухаддир ҳастанд.

Амрико ва Англия дар 16 соли гузашта бо ҳузури низомӣ дар Афғонистон, нақши ошкоре дар афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар доштаанд.

 

Барчасп