Феврал 01, 2018 19:34 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҷузъиёти сафари ахири раиси Ҳизби исломии Афғонистон ба Арабистон

Дар пайи сафари пинҳонии Гулбиддин Ҳикматёр ба Туркия ва Арабистон бархе аз расонаҳои афғон эълом карданд, раист Ҳизби исломӣ, талошҳоеро барои интиқоли гурӯҳҳои такфирӣ, монанди “Ҷабҳат-ун Нусра” ба Афғонистон оғоз кардааст.

Ба гузориши расонаҳои афғон, Гулбиддини Ҳикматёр, дар сафари худ ба Туркия ва Арабистон бо раҳбарони гурӯҳҳои такфирӣ, аз “Ҷабҳатуннусра”  дидорҳое доштааст.

Сафари Ҳикматёр ба Арабистон пас аз сафари вай ба Туркия, баёнгари талоши раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон барои ноамн кардани минтақа аст.

Пеш аз ин низ Ҳикматёр дар Афғонистон бо гурӯҳи террористии ДИИШ байъат карда буд.

Борҳо раҳбарони сиёсӣ ва расонаҳо дар Афғонистон аз ҳамкории раҳбари Ҳизби исломӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар, парда бардоштаанд.

Амруллоҳ Солеҳ, раиси собиқи Идораи амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, Ҳикматёр бо сӯиистифода аз тавофуқномаи сулҳ бо давлати Афғонистон, аъзои гурӯҳи террористи ДИИШ-ро таҳти унвони аъзои Ҳизби исломӣ, аз зиндонҳои ин кишвар озод мекард.

 

Барчасп