Феврал 02, 2018 18:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба шаҳрвандони худ: Амрико шикоратон накунад!

Вазорати умури хориҷаи Русия аз имкони дастгирии шаҳрвандони рус дар кишварҳои дигар ба дархости созмонҳои амниятии Амрико хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, ин вазоратхона дар баёнияе эълом кард:Бархилофи дархости мо аз созмонҳои салоҳиятдори Амрико барои барқарории ҳамкорӣ бо Русия мутобиқи қарордоди кумакҳои ҳуқуқии мутақобил,имзошуда дар соли 1999, созмонҳои ҷосусии Амрико ба таъқиби шаҳрвандони рус дар саросари ҷаҳон идома медиҳанд.

Бар асоси ин баёния фақат дар соли 2017 ба дархости Амрико беш аз 10 шаҳрванди рус дар кишварҳои мухталиф рабуда ва ба Амрико мунтақил шуданд.

 Вазорати умури хориҷаи Русия хотирнишон кардааст,ки шаҳрвандони рус пас аз интиқол ба Амрико бо рафтори ғаразомези системаи қазоии Амрико  рубару мешаванд ва аз роҳҳои мухталиф аз ҷумла таҳдиди мустақим, онҳоро водор ба эътироф ва пазируфтани иттиҳомҳои ворида мекунанд.

Бар асоси ин баёния дар сурати худдории шаҳрвандони рус аз пазируфтани иттиҳомот ҳам онҳоро ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум мекунанд.

 Гуфтанист вазорати хориҷаи Русия дар моҳҳои гузашта борҳо дар ин хусус ба шаҳрвандони худ дар ақсо нуқоти дунё ҳушдорҳои лозимро дода буд.

 

Барчасп