Иқдоми шаҳрдори итолиёӣ алайҳи муҳоҷирон
Шаҳрдори шаҳри кӯчаке дар шимоли Италия, таҳдид ба афзоиши 600 дарсадии молиёт бар партавҳои шаҳрвандоне кард, ки иқдом ба мизбонӣ аз паноҳҷӯён дар манозили худ мекунанд.
Ба навиштаи рӯзномаи “Ил Журнал”, Christian Garavaglia, шаҳрдори шаҳри Тобиго дар шимоли Италия, узви Ҳизби ростгарои миёнаи “Фортсо Италия”, шаҳрвандони ин шаҳрро таҳдид ба афзоиши 600 дарсадии молиёт бар партавҳо дар сурати мизбонӣ аз паноҳҷӯён дар хонаҳояшон кард.
Ин шаҳрдори итолиёӣ, ҷиҳати дилсард кардан аз иҷрои протоколе, ки соли 2017 миёни устондорӣ ва 80 шаҳрдорӣ дар Италия ба имзо расида буд, ин равишро интихоб кард.
Дар ин шароит шаҳрвандоне, ки аз як паноҳҷӯ дар манзилашон мизбонӣ кунанд, мутаҳаммили пардохти ҳаддиақал 990 евро молиёт бар зубола (партавҳо) хоҳанд шуд.
Шаҳрдори итолиёӣ, зимни дифо аз тасмими худ ва алайҳи протоколи имзо шуда, миёни устондорӣ ва шаҳрдориҳо гуфт, бо ин протокол ҳудуди 100 миллион евро барои мизбонӣ аз паноҳҷӯён то рӯзи 31 декабр 2018 ҳазина мешавад.
Маҳдудиятҳо алайҳи паноҳҷӯён дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Италия дар моҳҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст.