Май 30, 2024 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати дипломатии Тоҷикистон дар севумин нишасти вазирони умури хориҷаи “Осиёи Марказӣ – Италия”

Ҳайати Тоҷикистон дар севумин нишасти вазирони умури хориҷаи “Осиёи Марказӣ – Италия” ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ҳайати Тоҷикистон ба раёсати Сироҷуддини Меҳруддин, вазири умури хориҷа дар севумин нишасти вазирони умури хориҷаи “Осиёи Марказӣ – Италия”, ки дар Рим баргузор шуд, ширкат кард.

Image Caption

Дар ин нишаст тарафҳо дӯрнамои тавсеаи ҳамкориҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, об ва энергӣ, муҳити зист, ҳамлу нақл, гардишгарӣ ва омӯзиширо баррасӣ ва дар мавриди ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва хатарҳо ва чолишҳои даврони муосир аз ҷумла вазъияти Афғонистон ва Ховари Миёна табодули назар карданд.

 Ҳамзамон дар остонаи ин нишаст нишастҳои ҷудогонае дар мавзӯъоти об, энергӣ, ҳамлу нақл ва омӯзиш баргузор шуд, ки намояндагони Тоҷикистон дар он ширкат ва суханронӣ карданд.

 

Барчасп