Барканории ҳафт мақоми баландпояи афғон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29595-Барканории_ҳафт_мақоми_баландпояи_афғон
Раисҷумҳури Афғонистон ҳафти мақоми баландпоя аз ҷумла ду генерали артишро дар паи ҳамлаи террористӣ ба нерӯҳои артиш дар ғарби Кобул барканор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2018 15:44 Asia/Dushanbe
  • Барканории ҳафт мақоми баландпояи афғон

Раисҷумҳури Афғонистон ҳафти мақоми баландпоя аз ҷумла ду генерали артишро дар паи ҳамлаи террористӣ ба нерӯҳои артиш дар ғарби Кобул барканор кард.

Шоҳҳусайни Муртазавӣ, муовини сухангуи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ин афродро пас аз баррасии гузориши чигунагии ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои артиш ва донишгоҳи низомии Маршали Фаҳим дар ғарби Кобул барканор кард .

Раёсатҷумҳурии Афғонистон ному симмати афроди барканоршударо ифшо накардааст.

Ҳафтаи пеш донишгоҳи низомии Маршали Фаҳим ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи такфирии ДИИШ қарор гирифт, ки дар асари он 11 низомии афғон кушта ва 16 тани дигар захмӣ шуданд .