Феврал 06, 2018 20:10 Asia/Dushanbe
  • Халабони сарнагуншуда дар Сурия, қаҳрамони миллии Русия

Халабони ҷангандаи Су Хуи русӣ, ки шанбеи гузашта дар шимоли Сурия сарнагун шуд, ба унвони қаҳрамони миллии Русия интихоб шуд.

Ба нақл аз шабакаи дуввуми телевизиони Русия, ба пешниҳоди вазорати дифоъ ва тайиди раисҷумҳури ин кишвар, Роман Филиппов, халабони украинитабор, ки пас аз илҳоқи Қрим ба Русия ба артиши ин кишвар пайваста ва савганди вафодорӣ ёд карда буд, пас аз марг қаҳрамони миллии Русия муаррифӣ шуд .

Филиппов аз беҳтарин халабонҳои нерӯи ҳавофазои Русия дар ҷанг бо террористҳо дар Сурия номида шудааст .

Филме, ки гурӯҳе аз террористҳои Ҷибҳа-Алнусра мунташир кардаанд, нишон медиҳад, дар охирин лаҳазоти даргирӣ ва замоне, ки террористҳо ба даври Филиппов ҳалқа зада буданд, ӯ норинҷаки дастии худро мунфаҷир мекунаду илова бар худ, сабаби кушта шудани теъдоде аз онон мешавад .

Токунун 43 нафар аз сарбозони Русия дар Сурия кушта шудаанд.

Ҷангандаи Су Ху-25 нерӯи ҳавофазои Русия дар Сурия бо силоҳи душпартоби амрикоӣ, ки ба террористҳо дода шуда буд, дар устони Идлиб сарнагун шуд .

 

Барчасп