Феврал 14, 2018 20:37 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири хориҷаи Русия: Маскав дар канори Теҳрон аст

Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, Маскав дар мавзуи тағйирнопазир будани БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) бо қотеият дар канори дӯстони эронӣ аст.

Сергей Рябков дар ҳошияи дидор бо Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дар Теҳрон, бори дигар бар ҳимояти Маскав аз БАРҶОМ таъкид карду гуфт: Бархе тарафҳо ба ин тавофуқ ҳамла кардаанд ва иҷрои БАРҶОМ дар даврае душвору тоқатфарсо қарор дорад .

Рябков бо ишора ба коршиканиҳои Амрико дар қиболи БАРҶОМ бидуни бурдани номи ин кишвар афзуд: “Бархе кишварҳои ҳозир дар тавофуқи ҳастаӣ ба гунае вонамуд мекунанд, ки гӯйӣ тавофуқ ба нафъи онҳо несту барои дигарон зарбулаҷале таъин мекунанд ё мехоҳанд, тавофуқро тағйир диҳанд, аммо Русия бо ин рӯйкард комилан мухолиф аст”.

Вай таъкид кард, тағйир дар БАРҶОМ боиси заиф шудану шикасти ин тавофуқ мешавад .

Аббоси Ироқчӣ низ гуфт: Ҳеч имконе барои боз шудани дари музокира, музокираи дубора, ислоҳ ва ё афзудани илҳоқия ба БАРҶОМ ё ҳар таъбири дигаре вуҷуд надорад .

 

Барчасп