Манбаи мармузи олудагии радиоактив дар наздикии Русия
Хабаргузории “Спутник”-и Русия аз кашфи манбаи мармузи олудагии радиоактив дар наздикии ин кишвар хабар дод.
Бар асоси гузориши ин хабаргузорӣ, гарду ғубори муаллақи дорои ураниюми 235 дар ҷав (атмосфера)-ви ҷазоири “Аleutian islands”, воқеъ дар шимоли уқёнуси Ором ёфт шудааст, ки эҳтимолан ба иллати нашт (сироят, паҳншавӣ) - и маводи радиоактивӣ аз самти Осиё будааст.
“Спутник” афзуд, донишмандон муътақиданд, ин нашт замоне иттифоқ меафтад, ки шароити нигаҳдории захираи ураниюми ғанишуда риоя нашуда бошад ва бо таваҷҷуҳ ба ҷиҳати вазиши бод ин олудагии радиоактив эҳтимолан аз сӯйи Чин ё Кореяи Шимолӣ аст.
Ураниюми 235 як изотопи радиоактив аст, ки ба унвони сӯхти ҳастаӣ ё дар силоҳҳои ҳастаӣ мавриди истифода қарор мегирад ва ҳаргиз ба таври табиӣ дар ҷавви замин вуҷуд надорад.