Ашраф Ғанӣ: Сулҳ бо вуҷуди панҷ миллион муҳоҷир номумкин аст
Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, бо вуҷуди беш аз панҷ миллион паноҳҷуи афғони муқим дар дигар кишварҳои ҷаҳон ва ҳамчунин оворагон дар дохили Афғонистон, сулҳ мумкин нест.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки дар Нишасти машваратии бузургони ақвом, раҳбарони собиқ гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар Кобул сухан мегуфт, афзуд: “Мо бояд фурсати бозгаштро ҳамзамон бо адолати иҷтимоӣ барои муҳоҷирон фароҳам кунем”.
Ашраф Ғанӣ таъкид кард, сулҳ ниёзманди ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон аст ва бояд ба кумаки ҳама ин умур амалӣ шавад.
Бо наздик шудани дуввумин Нишасти байналмилалии “Раванди Кобул” талошҳои Шӯрои олии сулҳ барои гирифтани мушовира аз ақшори мухталифи ҷомеаи Афғонистон шиддат ёфта ва ҷаласаи чаҳоршанбе севвумин нишасти бузуриг машваратии ин кишвар дар як моҳи гузашта аст.
Ин фаъолитҳои Шӯрои олии сулҳ дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон токунун ҳозир ба гуфтугӯ бо давлати Афғонистон нашудааст ва танҳо тамоюли худро авоили имсол барои музокира бо Амрико матраҳ кард, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико онро рад кард.