Афзоиши эътирозҳо ба шиносномаҳои электронӣ дар Афғонистон
Идораи сабти аҳвол ва нуфуси Афғонистон пас аз афзоиши эътирозҳо эълом кард: Дарҷи ҳуввияти соири ақвом ва ақаллиятҳо дар шиносномаҳои электронӣ дар ҳоли баррасӣ аст.
Ба нақл аз Тасним, тарҳи раёсатҷумҳури Афғонистон барои дарҷи танҳо 14 қавм дар шиносномаҳои электронӣ боис шуд, то дигар ақвом ва ақаллиятҳо эътироз ва аз дарёфти шиноснома худдорӣ кунанд.
Сухангуи Идораи сабти аҳвол ва нуфуси Афғонистон гуфт: Бисёре аз ақвоми ин кишвар эътирози худро ба интихоби иҷбории яке аз 14 қавм ба сабт расондаанд.
Ба гуфтаи Рӯҳуллоҳ Аҳмадзай, бисёре аз мардум ва бавижа ақвоми ақаллият бо вуҷуди сабти ном дар ин раванд, аз дарёфти шиносномаҳои электронӣ худдорӣ кардаанд.
Намояндагони бархе аз ақвом ҳушдор доданд, ки агар Ашраф Ғанӣ фармони ҷадиде содир накунад, раванди тавзеи шиносномаҳои электрониро мухтал хоҳанд кард.