Феврал 26, 2018 21:16 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар манотиқи дурафтода

Раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, дар манотиқи дурафтодаи ин кишвар оғоз шуд.

Раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия аз рӯзи душанбе дар манотиқи дурафтода ва сахтгузари ин кишвар дар шароите оғоз шудааст, ки 20 рӯз ба оғози расмии интихобот боқӣ мондааст.

Интизор меравад, 150 ҳазор нафар сокин дар манотиқи дурафтода ва саъбулубур дар Русия орои худро ба сандуқҳо бирезанд.

Маъмурони раъйгирӣ бо васоили нақлияи вижа монанди қоиқ ва мошинҳои вижаи барфпаймо, сандуқҳоро ба манотиқи сахтгузари Русия мунтақил мекунанд, то сокинони ин манотиқ ҳам битавонанд дар интихобот ширкат кунанд.

Ин навъи раъйгирӣ то ҳафдаҳуми моҳи марти 2018, як рӯз пеш аз мавъиди баргузории расмии интихоботи раёсатҷумҳурии 18 март идома хоҳад ёфт.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз соири номзадҳо пештоз аст.

 

Барчасп