Шикасти талоши Англия ва Амрико зидди Эрон дар Шӯрои амният бо ветои Русия
(last modified 2018-02-27T05:13:36+00:00 )
Феврал 27, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Шикасти талоши Англия ва Амрико зидди Эрон дар Шӯрои амният бо ветои Русия

Русия пешнависи қатъномаи зиддиэронии Шӯрои амниятро дар бораи Яман вето кард.

Ба гузориши ИРНА, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид душанбешаб барои баррасии пешнависҳои ду қатънома алайҳи Яман ташкили ҷаласа дод.

Пешнависи қатъномаи нахуст ба пешниҳоди Британия ва бо ҳадафи фишор бар Эрон бар асоси иддаои ирсоли таслеҳот барои Яман буд, ки Русия онро вето кард.

Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти душанбешаби Шӯрои амният бо интиқод аз иттиҳомҳо ба Эрон гуфт, буҳрони Яман набояд абзори сиёсӣ шавад ва набояд ба мавзӯоти дигар густариш пайдо кунад.

Аз сӯйи дигар, Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ муддаӣ шуд, ветои қатъномаи зиддиэронӣ дар Шӯрои амният “шикасти дипломатия” аст.

Вай муддаӣ шуд, Эрон бо фурӯши мушак ва ПАҲПОД (ҳавопаймои бидуни сарнишин) ошкоро қатъномаи қаблии СММ-ро нақз кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Эрон ҳамвора ин иддаоро рад мекунад ва онро сенарияи хомдастона мехонад.

Сафири Амрико дар СММ, ки зоҳиран аз мухолифати Русия бо қаътномаи зиддиэронӣ хабар дошт, тарҷеҳ дод дар ин ҷаласа ҳозир нашавад.

Ба думболи нокомии пешнависи пешниҳодии Англия, Русия пешнависеро, ки худ ироа дода буд, ба раъй гузошт, ки ба иттифоқи оро ба тасвиб расид.

Бар асоси ин қатънома, ки дар он номе аз Эрон оварда нашудааст, таҳримҳо алайҳи Яман то феврали 2019 тамдид шуд.

Мақомоти яманӣ низ борҳо таъкид кардаанд, қудрати дифоии артиши ин кишвар комилан бумӣ аст ва бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷонибаи Яман аз ҷониби Арабистон, рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.