Пирӯзии калисоҳои Қудс бар ишғолгарони саҳюнист
Калисои Қиёмат (Алқиёма) бомдоди чаҳоршанбе пас аз се рӯз баста будан дар эътироз ба тасмими режими саҳюнистӣ ба молиёт гирифтан аз калисоҳои Қудс ва амлоки вобаста ба онҳо, бозгушоӣ шуд.
Раисони калисоҳои Қудс дар баёниае муштарак бо ишора ба бозгшои калисои Қиёмат, аз талоши тамоми афрод ва ниҳодҳое, ки дар масири ҳифзи мавҷудияти масеҳиён дар Қудс ва дифоъ аз вазъияти ҳоким бар ин шаҳр гом бардоштанд, қадрдонӣ карданд.
Раисони калисоҳои Қудс бо ишора ба таҳдидот алайҳи масеҳиён дар шаҳри Қудс, ки маҳалли зиндагӣ ва рушди се дини бузурги тавҳидӣ аст, афзуданд: Калисоҳо дар ин ҷанг бар режими ишғолгари Исроил пирӯз шуданд.
Набил Абурудайна, сухангуи раёсати Ташкилоти худгардони Фаластин низ дар баёнияе ақибнишинии Исроилро аз молиёт бастан бар калисоҳо дар Қудс нокофӣ донист ва хоҳони лағви тамоми иқдомоти зидди муқаддасоти масеҳӣ ва исломӣ дар Қудс шуд.
10 то 12 ҳазор масеҳӣ дар Қудси ишғолӣ зиндагӣ мекунанд.
Калисои Қиёмат ва чанд калисои дигар дар Қудс аз рӯз 24 феврал дар эътироз ба тасмими Телавив барои молиёт гирифтан аз Калисоҳо дар ин шаҳр таътил шуд.