Март 03, 2018 21:24 Asia/Dushanbe
  • Раиси собиқи СИА - Трампро бесубот ва фосид тавсиф кард

Раиси собиқи Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА), Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишварро фарде бесубот, бемантиқ, бетаҷруба ва фосид хитоб кард.

Ҷон Бреннан, раиси обиқи СИА рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае бо шабакаи “MSNBC” гуфт, ҳузури Трамп дар дафтари раёсатҷумҳурии Кохи Сафед, ки худ фарде бесубот, бемантиқ, бетаҷруба ва фосид аст, Амрикоро дар шароити буҳронӣ қарор додааст.

Ҷон Бреннан афзуд, раисиҷумҳури Амрико салоҳияти лозим барои анҷоми вазоифи фармондеҳии кулли қуворо надорад, махсусан дар замоне, ки таҷовузи низомӣ аз сӯи Русия ва Кореяи Шимолӣ дар ҳоли афзоиш аст. Изҳороти Ҷон Бреннан дар ҳоле матраҳ мешавад, ки натоиҷи назарсанҷии муштараки рӯзномаи “Washington Post” ва шабакаи хабарии “Ebc News” дар моҳи гузашта нишон медиҳад, 50 дарсади мардуми Амрико бар ин боваранд, Доналд Трамп таодули равонӣ надорад ва 58 дарсад низ аз шеваи вай дар идораи кишвар, норозӣ ҳастанд.

73 дарсад низ мегӯянд, бархилофи Трамп, ки худро "нобиға босубот" меномад, ҳеҷ нубуғе дар вай намебинанд.

 

 

Барчасп