Март 05, 2018 14:46 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати мардуми Македония бо тағйири номи кишварашон

Ҳазорон нафар аз мардуми Македония, якшанбешаб бо баргузории тазоҳурот дар пойтахт, аз нахуствазири ин кишвар хостанд музокирот бо Юнонро дар бораи номи Македония мутаваққиф кунад.

Ба гузориши ИРНА, тазоҳуроткунандагонм македониёӣ бо сар додани шиорҳое, хостори тасвиби қатъномае дар Созмони Милали Муттаҳид шуданд, ки дар он номи Македония ба расмият шинохта шавад.

Шаҳрвандони Македония дар Австралия, Амрико ва бархе кишварҳои Аврупо низ ҳамзамон бо Македония, тазоҳуротеро дар кишварҳои маҳалли иқомати худ баргузор карданд.

Мақомоти Скопя барои суръат бахшидан ба мароҳили узвияти ин кишвар дар Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ва Иттиҳоди Аврупо талош доранд, ки ихтилофи чандинсола бо Юнонро бар сари номи Македония дар чорчӯб мушаххас ва эҳтиром ба шаъну манзалати кишвар худ, ҳалу  фасл кунанд.

Юнон ва ҷумҳурии Македония ҳаққи истифода аз номи Македонияро танҳо барои худ медонанд.

Ду кишвар барои ҳалли ин ихтилоф борҳо ба ниҳодҳои миёнҷии муҳимми  байналмилалӣ мутавассил шудаанд, аммо токунун талошҳо барои ҳалли ин ихтилоф бенатиҷа мондааст.

Давлати Юнон дар соли 1991 монеъ аз он шуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ Македонияро бо номи ҷумҳурии Македония ба расмият бишносад, зеро мақомоти Афина бар ин ақида ҳастанд, ки ин номи мунҳасиро мутааллиқ ба мероси таърихӣ ва миллии Юнон аст.