Март 05, 2018 16:03 Asia/Dushanbe
  • Замони тахминии оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм

Риёзидоне аз Донишгоҳи Колорадои Амрико бо баррасии иттилооти таърихӣ дар бораи даргириҳои мусаллаҳонаи кишварҳо дар давраи байни солҳои 1823 ва 2003, таърихи тақрибии оғози ҷанги ҷаҳонии сеюмро муҳосиба кард.

Ба гузориши маҷаллаи “Science Advances”, Аарон Кливерт (Aaron Clivert), донишманди амрикоӣ ба ин натиҷа расидааст, ки давраҳои сулҳ ва ҷанг дар таърихи ҷаҳон ба тановуби ҷои якдигарро мегиранд.

Вай мегӯяд, мумкин аст, даргирии мусаллаҳонаи бузург байни кишварҳо то соли 2150 милодӣ рух диҳад ва барои поёни давра "сулҳи тӯлонӣ" ва оғози марҳалаи ҷанг ва даргирӣ, ҳудуди 140 сол зиндагӣ бидуни даргирӣ лозим аст.

Назарсанҷии шабакаи телевизионии “CBC” ва ширкати “Yougov” дар октябри 2017 нишон дод, ки 30 дарсади мардуми Амрико мӯътақиданд, кишварашон дар масири оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм қарор дорад.