Ҳалокати даҳҳо узви ДИИШ дар Афғонистон
(last modified 2018-03-05T17:27:56+00:00 )
Март 05, 2018 22:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати даҳҳо узви ДИИШ дар Афғонистон

Дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои афғон алайҳи мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар устони Нангарҳор, ҳафт узви ин гурӯҳ ҳалок шуданд.  

Атоуллои Хугиёнӣ, сухангуи устондори Нангарҳор гуфт: Дар ҳамалоти ҳавоии артиши Афғонистон як анбори силоҳ мутааллиқ ба ДИИШ низ мунҳадим шуд.

Вазорати дифои Афғонистон ҳам аз ҳалокати чиҳилу ду нафар аз аносури Толибон ва ДИИШ дар амалиёти 24 соати гузаштаи нерӯҳои амниятии афғон дар вилоёти Ҳилманд, Арзагон ва устони Ҷузҷон хабар дод.