Ифтитоҳи сафорати Амрико дар Қудс дар моҳи май
(last modified Tue, 06 Mar 2018 04:47:48 GMT )
Март 06, 2018 09:47 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи сафорати Амрико дар Қудс дар моҳи май

Майк Пенс, муовини Трампи раисҷумҳури Амрико гуфт: Моҳи майи имсол сафорати Амрико дар Қудс ифтитоҳ хоҳад шуд.

Вай дар Нишасти AIPAC (кумитаи равобити умумии Амрико ва Исроил) гуфт: Мо мусаммам ҳастем, то дар моҳи майи имсоли 2018, сафорати худро дар Қудс ифтитоҳ кунем.

Пенс бо беэътиноӣ ба мухолифати ҷомеа ҷаҳонӣ бо иқдоми Амрико дар бораи ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Байтулмуқаддас гуфт: Амрико ҳамеша дар канори Исроил боқӣ хоҳад монд.  

Пенс гуфт: Ба хотири иқдомоти раисҷумҳур, равобити байни Амрико ва Исроил токунун то ин ҳад мустаҳкам набудааст.

Раисҷумҳури Амрико шашуми декабри 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Вашингтон, Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохта ва сафорати худро ба онҷо мунтақил хоҳад кард. Ин иқдом бо эътирози густардаи фаластиниҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.