Раёсатҷумҳурӣ дар Чин модомулъумр шуд.
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31175-Раёсатҷумҳурӣ_дар_Чин_модомулъумр_шуд.
Конгираи халқи Чин имрӯз якшанбе дар як овозгирӣ маҳдудияти давраи раёсат ҷумҳурӣ ва муовинати раёсат ҷумҳуриро гирифт ва ба ин тартиб раиси ҷумҳури кунунӣ метавонад модомулъумр дар ин мансаб боқӣ бимонад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 11, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Раёсатҷумҳурӣ дар Чин модомулъумр шуд.

Конгираи халқи Чин имрӯз якшанбе дар як овозгирӣ маҳдудияти давраи раёсат ҷумҳурӣ ва муовинати раёсат ҷумҳуриро гирифт ва ба ин тартиб раиси ҷумҳури кунунӣ метавонад модомулъумр дар ин мансаб боқӣ бимонад.

Ба гузориши Скай-Нюзи арабӣ, бар асоси ин ислоҳ қонуни асосии Чин даврони раёсат ҷумҳурӣ фақат ба ду давраи панҷсола маҳдуд нахоҳад монд.

Бо ин иқдом Ши Ҷинпинг-раиси ҷумҳури Чин амалан метавонад пас аз поёни ду давраи панҷсолаи раёсат ҷумҳурӣ бозҳам бар сари қудрат бимонад.

Ин ислоҳия бо 2958 овози мувофиқ, ду овози мухолиф ва се ғойиб (дар чаласа ҳузур надошта) дар конгираи  ҳудудан се ҳазор узвӣ ба тасвиб расид.

Ши Ҷинпинг аввалин фарде буд, ки овози худро даруни сандуқи овоз андохт.

Ҳомиёни Ҳизби ҳокими халқи Чин муътақиданд, ки тасмими имрӯзи Конгираи халқ аз ҳимояти умумӣ бархурдор аст ва таъкид доранд, ки Чин хушшанс аст, ки раҳбаре бо зарфиятҳои ШиҶинпинг дорад.

Ҳизби ҳоким дар соли 2016 ба Ши Ҷинпинг лақаби раҳбари "марказӣ"-ро дод, ки тақвияте қобили таваҷҷуҳ дар ҷойгоҳи вай дар он замон буд.