Ҳалокати беш аз саду ҳафтод террорист дар амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон
Дар амалиёти нерӯҳои амниятии афғон дар бисту чаҳор соати гузашта дар манотиқи мухталифи Афғонистон 171 террорист ба ҳалокат расиданд.
70 нафар аз ин террористҳо дар вилояти Қандаҳор, 43 нафар дар вилояти Тахор, 42 нафар дар вилояти Фароҳ, 10 террорист дар вилояти Ҳилманд ва 6 узви гурӯҳи террористии ДИИШ низ дар вилояти Нангарҳор ба ҳалокат расиданд .
Ин амалиёт дар вилоятҳои Лағмон, Каписа, Ғазнӣ, Пактика, Қандаҳор, Зобул, Урузгон, Фароҳ, Бағлон, Фориёб, Қундуз ва Ҳилманд иҷро шуд, ки бар асари он ҳамчунин 126 террорист маҷрӯҳ шуданд .
Дигар инки, нерӯҳои амниятии афғон шаби гузашта бо иҷрои амалиёте вижа дар шаҳристони Саидободи вилояти Вардак, ду нафар аз саркардаҳои гурӯҳи Ҳаққонӣ бо номи Убайдуллоҳ ва Абдулҳақро ба ҳамроҳи се узви дигари ин шабакаи террористӣ боздошт карданд .