Март 12, 2018 17:44 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 103 дарсадии воридоти силоҳ ба Ховари Миёна ва Осиё

Муассисаи байналамилалии таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм аз афзоиши 103 дарсадии воридоти силоҳ ба Ховари Миёна ва Осиё ва рушди қобили таваҷҷуҳи содироти аслиҳаи Амрико дар панҷ соли гузашта, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, ин натоиҷро Муассисаи байналмилалии таҳқиқоти Стокголҳ-Stockholm International Peace Research Institute (SIPRI) эълом кардааст.

Бар асоси ин натоиҷ, ҷанг ва таниш дар Ховари Миёна тайи солҳои 2013 то 2017 сабаб шудааст, то воридоти аслиҳа ба ин минтақа дар муқоиса ба давраи мушобеҳи панҷ соли пеш, ду баробар афзоиш ёбад.

“SIPRI” эълом кард, Ховари Миёна 32 дарсад воридоти силоҳ дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

Муассисаи шветсияӣ афзуд, Арабистон, ки дар ҳоли ҷанг дар Яман аст, 61 дарсади силоҳи мавриди ниёзи худро аз Амрико ва 23 дарсади онро низ аз Бритониё ворид мекунад.

Питер Вейсман (Peter Weisman), узви SIPRI тасреҳ кард, даргириҳои хушунатбор дар Ховари Миёна ва нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар ин минтақа, боиси тарҳи масъалаи маҳдуд кардани фурӯши силоҳ ба ин минтақа дар Аврупои ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ шудааст.

Вейсман афзуд, бо ин ҳол, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳамчунон содиркунандагони аслии силоҳ ба Ховари Миёна ҳастанд ва беш аз 98 дарсади силоҳҳои Арабистон ва Ҳиндро таъмин мекунанд.

“SIPRI” хотирнишон кард, ки Ҳинд бо таъмини 62 дарсад силоҳҳои худ аз Русия ва шаш баробар кардани воридоти силоҳ аз Амрико бузургтарин содиркунандаи аслиҳа, аз соли 2013 то 2017 будааст.

 

Барчасп