Ҷина Ҳаспел зани шиканҷагар; раиси нави CIA
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт: Ҷина Ҳаспел-аз афсарони иттилоотии куҳнакори амрикоиро ба раёсати CIA мансуб кардааст.
Ҳаспел, ки дар соли 1985 ба CIA пайваст дар феврали 2017 ба муовинати ин созмон мансуб шуд.
Номи вай як даҳа пеш замоне бар сари забонҳо афтод, ки мушаххас шуд CIA дар Тайланд як зиндони махфӣ барони нигаҳдорӣ, шиканҷа ва бозҷуйӣ аз муттаҳамони ба иртибот бо гуруҳҳои террористӣ эҷод кардааст.
Вай дар соли 2002 раёсати ин боздоштгоҳро бар уҳда доштааст.
Санадҳое, ки баъдҳо мунташир шуд нишон дод зиндониён дар ин боздоштгоҳ ба равишҳое, ки ҳатто дар қавонини Амрико ғайриқонунӣ аст шиканҷа мешудаанд.
Ҳаспел баъдҳо раиси Дафтари Хоза Родригез-раиси вақти маркази зиддитерроризми CIA шуд.
Родригез дар хотироташ навишта, ки Ҳаспел талош кардааст, то санадҳои дахлдор ба шиканҷагоҳи Тайландро нобуд кунад.
Ӯ дар соли 2013 ҳам ба муовинати сервиси серри(махфӣ)-и миллӣ, ки масъулияти амалиётҳои харобкоронаи махфии Амрико дар сартосари ҷаҳонро баруҳда дорад, мансуб шуд.