Баёнияи поёнии иҷлоси вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар Остона
(last modified 2018-03-16T14:18:30+00:00 )
Март 16, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии иҷлоси вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар Остона

Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия, се кишвари зомини оташбас дар Сурия имрӯз дар баёнияи поёнии иҷлоси Остона, пойтахти Қазоқистон бар идомаи талошҳо барои ҳалли буҳрони Сурия таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, Сергей Лавров, Мавлуд Човушуғлу, вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар ин баёния идомаи таомули муассир байни ҳама тарафҳои даргир дар Сурия ва парҳез аз фирқагароиро хостор шуданд. Дар ин баёния зимни қадрдонӣ аз талошҳои ҷамъӣ дар мубориза бо терроризм, бавижа бо гурӯҳи террористии ДИИШ бар эҷоди шароити матлуб барои оғози фароянди сиёсии ҳалли буҳрони Сурия, тааҳҳуд ба истиқлол, ҳокимият, ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия ва бар адами вуҷуди роҳҳали низомӣ барои ҳалли буҳрони ин кишвар таъкид шуд.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия дар ин баёния бар идомаи иҷрои бандҳои тавофуқоти марбут ба манотиқи коҳиши таниш ва идомаи ҳамкорӣ барои решакан кардани тамоми гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ, “Ҷабҳатуннусра”, ҷилавгирӣ аз интиқоли онҳо ба соири манотиқ ва кишварҳо ҳам таъкид карданд. Ин баёния ҳамчунин ирсоли сареи кумакҳои башардӯстона ба манотиқи даргирӣ ва даст кашидан аз нақзи оташбасро хостор шудааст.

Вузарои умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар мавриди баргузории нишасти сеҷонбаи оянда дар 4-уми апрели имсол дар Туркия тавофуқ карданд.

Музокироти Остона аз моҳи январи соли 2017 бо ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамкории Русияю Туркия бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст. Натиҷаи аслии ин музокирот эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия будааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст, ки бо пешравии артиши Сурия ва нерӯҳои муқовимат ин кишвар пас аз солҳо пойдорӣ дар остонаи пирӯзии комил дар баробари терроризм қарор дорад.

 

Барчасп