Март 19, 2018 18:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Маскав аз фишори бесобиқаи ғарб барои таъсир ба интихобот

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард: Талошҳо ва фишорҳои ғарб барои таъсиргузорӣ бар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, бесобиқа буд.  

Мария Захарова гуфт, ғарбиҳо иддао мекарданд, ки интихобот ғайришаффоф аст ва масоили ғайривоқеии дигареро тарҳ мекарданд.

Ӯ идома дод: Ин дар ҳолест, ки ҳатто дар он ҳавзаҳое, ки дар сафоратхонаҳо мустақар шуда буд, тадобир барои иттилоърасонӣ эъмол шуда буд.  

Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия бо ишора ба моҷарои масмумияти Скрипл тасреҳ кард, ин моҷаро низ идомаи ҷанги таблиғотӣ алайҳи Русия буда, ки мақомҳои Британия аз чанд соли пеш алайҳи Маскав оғоз кардаанд.

Ҳафтумин интихоботи раёсатҷумҳурии Русия якшанбе 18 март баргузор шуд ва Владимир Путин, раисҷумҳури кунунӣ, 76,6 дарсади ороро касб кардааст.

 

Барчасп