Садри аъзами Олмон: Ислом бахше аз Олмон аст
(last modified Thu, 22 Mar 2018 12:14:52 GMT )
Март 22, 2018 17:14 Asia/Dushanbe
  • Садри аъзами Олмон: Ислом бахше аз Олмон аст

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бо лаҳне оштиҷӯёна дар мавзӯи муҳоҷирон, ба вижа дар иртибот бо мавзӯи Ислом дар Олмон, таъкид кард, Ислом бахше аз Олмон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, садри аъзами Олмон дар суханоне дар парлумони ин кишвар (Бундестаг), дасти дӯстӣ ба сӯйи мусалмонони сокини Олмон дароз кард ва гуфт: Мусалмонон бахши муҳиме аз ҷомеаи Олмон ҳастанд.

Вай таблиғоти ростҳои ифротӣ ва популистҳо, ба вижа изҳори назари ахири вазири дохилии ҷадиди Олмон алайҳи Ислом ва мусалмононро рад ва таъкид кард: “Ҳамакнун ҳудуди панҷ миллион мусалмон бо мо зиндагӣ мекунанд ва дини онон ба бахше аз Олмон табдил шудааст”.

 Ҳурст Зиҳуфер, вазири дохилии Олмон ҳафтаи гузашта дар изҳороте ҷанҷолӣ гуфта буд, Ислом бахше аз Олмон нест.

Изҳороти вай бо эътирози густурдаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҷомеаи мусалмонони Олмон рӯбарӯ шуд.

Бархе аз коршиносони сиёсӣ суханони вайро талоше барои ҷилавгирӣ аз резиши орои аҳзоби масеҳӣ дар баробари ростҳои ифротӣ медонанд.