Натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия
Кумитаи марказии интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия бо эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот, Владимир Путинро расман раиси ҷумҳурии ин кишвар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, сухангӯи Кумитаи марказии интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия бо ишора ба шумориши тамоми орои ширкаткунандагон гуфт, Путин бо касби 76.69 дарсади раъй то соли 2024 раиси ҷумҳурии Русия хоҳад буд.
Бар асоси ин гузориш, Павел Грудинин, номзади Ҳизби коммунисти Русия бо касби 11.77 дарсад ва Владимир Жриновский бо 5.65 дарсади оро дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтанд.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2018-и Русия рӯзи 18-уми март бо ширкати ҳашт номзад дар ин кишвар ва 145 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.
Ин чаҳорумин бор аст, ки Путин ба унвони раиси ҷумҳурии Русия интихоб мешавад.