Март 23, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини ҷашни Наврӯз дар Афғонистон

Ойини ҷашни Наврӯз рӯзи панҷшанбе бо ҳузури эрониёни муқими Афғонистон дар маҳалли Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадризо Баҳромӣ, сафири Эрон дар Афғонистон дар ин ойин ба баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси шиори соли 1397 (ҳимоят аз колои эронӣ) ва тавсияи эшон ба “зарурати парҳез аз қабилагароии сиёсӣ” ишора ва ба ташреҳи паҳлӯҳои ин тавсияҳои муҳим пардохт.

Дар идомаи ин ойин, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба густариши қобили таваҷҷуҳи равобити фарҳангии Эрон ва Афғонистон дар соли гузаштаи ҳиҷрии шамсӣ (1396) ишора кард.

Ризо Маликӣ таъкид кард, дар соли 1397 Ҷумҳурии Исломии Эрон қасд дорад равобити фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯст ва ҳамсояро ҳамчунон тавсеа бахшида ва аз ҳамаи зарфиятҳои мавҷуд дар ин росто баҳра гирад.

Мардуми Афғонистон дар ду рӯзи гузашта бо вуҷуди ҳамлаи интиҳории рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул, пойтахти ин кишвар, ки наздик ба сад кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, бидуни ҳеҷ гуна тарсе ба идомаи ҷашни Наврӯз пардохтанд.