Ҳамлаи интиҳории ДИИШ ба масҷиде дар ғарби Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31752-Ҳамлаи_интиҳории_ДИИШ_ба_масҷиде_дар_ғарби_Афғонистон
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии масҷиде дар ғарби Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 25, 2018 13:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи интиҳории ДИИШ ба масҷиде дар ғарби Афғонистон

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии масҷиде дар ғарби Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши “Ал-Маёдин”, полиси Афғонистон эълом кард, ки дар ҷараёни вуқуи ду инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии масҷиде дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби ин кишвар, дастикам як нафар кушта ва 9 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ низ масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифт.

Аминуллоҳи Амин, муовини раиси полиси Ҳирот эълом кард, ки нигаҳбонони Масҷиди Набии Акрам (с) монеи вуруди ду омили интиҳорӣ ба ин масҷид шуданд, ки баъд аз он ин ду омили интиҳорӣ даст ба инфиҷори камарбандҳои худ заданд.