Март 27, 2018 14:13 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ризояти давлати Афғонистон аз раванди судури гузарномаи муҳоҷирон дар Эрон

Раиси умумии идораи тавзеи гузарномаи Афғонистон эълом кард, раванди судури гузарнома барои муҳоҷирони афғон дар Эрон бидуни ҳеҷгуна мушкиле идома дорад ва рӯзона ҳазор ҷилд гузарнома содир мешавад.

Генерал Саидумар Сабур афзуд:

“Бар асоси бароварди Вазорати умури хориҷа ва раёсати гузарнома, ҳудуди ду миллиону 500 ҳазор муҳоҷири афғон дар Эрон бидуни гузарнома ҳастанд”.  

Ба гуфтаи вай, Эрон аз зарфиятҳои хубе барои судури гузарнома бархурдор аст ва Афғонистон низ бо улгугирӣ аз ҷумҳурии исломии Эрон тавонист ба таври муштарак бо Вазорати умури хориҷа, теъдоди тавзеи гузарномаро дар рӯз ба шаш ҳазору 500 ҷилд бирасонад.  

Ҷумҳурии исломии Эрон дар чаҳор даҳаи ахир ва пас аз ишғоли ин кишвар аз сӯи артиши сурхи Шӯравӣ мизбони миллионҳо муҳоҷири афғон буда ва ҳеҷ гоҳ ба онон ба чашми овора, ки бояд дар кампҳо зиндагӣ кунанд, нигоҳ накардааст, балки ҳамчун шаҳрвандони Эрон дар шаҳрҳои Эрон зиндагӣ мекунанд.  

Ин бадон маъност, ки Эрон бар асоси омӯзаҳои ислом ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамвора каромати инсониро дар бораи муҳоҷирини афғон риоят карда ва ба онон эҳтиром гузоштааст.

Сиванка Донапала, раиси Комиссари олии Созмони милал мегӯяд:

“Аз хадамоте, ки дар Эрон ба паноҳандагони афғон мешавад, бисёр розӣ ҳастем, Эрон дар ҳадди тавони худ ва ё ҳатто бештар аз он ба паноҳандагон кумак мекунад”.  

Бернард Дойл, намояндаи Комиссараи олии Созмони милал дар умури паноҳандагон гуфт:

“Хадамоти аввалия мисли оби ошомиданӣ ва имкони таҳсил дар ҳамаҷои Афғонистон ҳануз мавҷуд нест, вале онҳо дар Эрон метавонанд аз ин хадамот ба таври комил ва ройгон истифода кунанд”.

Аз дидгоҳи ҷумҳурии исломии Эрон, мардуми Афғонистон бояд бо иттико ба тавоноиҳои дохилӣ, дар ҷиҳати тасбити истиқлол ва пешрафтҳои иқтисодии худ гом бардоранд.

Дар ин масир, давлати Афғонистон ва мардуми ин кишвар бояд аз ҳама зарфиятҳои мавҷуд истифода кунанд ва муҳоҷирини Афғонистон, ки дорои дараҷоти илмӣ ва маҳоратҳои мухталиф ҳастанд, беш аз пеш метавонанд ба тавсеа ва пешрафти ин кишвар кумак кунанд.

 

Барчасп