Март 27, 2018 19:47 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии дубораи ҳунарпешаи филмҳои ғайриахлоқӣ дар бораи фасоди Трамп

Ҳунарпешаи филмҳои ғайрахлоқӣ зимни эътирофи дубора ба равобити ҷинсӣ бо раисҷумҳури Амрико гуфт, таҳдид шудааст, то дар ин маврид сукут кунад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Стефание Клиффорд (Stephanie Clifford), ҳунарпешаи филмҳои ғайриахлоқӣ дар як барномаи телевизионӣ гуфт, пас аз он ки қарор шуд, моҷарои равобиташ бо Доналд Трампро ба қимати 15 ҳазор доллар ба як нашрия бифурӯшад, таҳдид ба сукут шудааст. Ӯ афзуд, афроде бо таҳдиди духтари хурдсолаш ба ӯ тавсия кардаанд, дар бораи равобиташ бо Трамп сукут ихтиёр кунад. Стефание Клиффорд гуфтааст, дар соли 2006 бо Доналд Трамп равобити чандмоҳа доштааст. Трамп дар он замон бо ҳамсари кунунияш зиндагӣ мекардааст. Ба рағми эътирофҳои мукаррари ӯ, Кохи Сафед ҳар гуна робитаи Трампро бо ин ҳунарпеша рад кардааст.

Стефание Клиффорд дар як барномаи телевизионӣ гуфт, ба дунболи раҳоӣ аз қарордоди ҳаққи сукути 130-ҳазордолларӣ аст, ки пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 бармегардад. Вакили мудофеи ӯ бо тарҳи шикояте эълом карда, акнун ин қарордод аз назари имзо беэътибору ботил аст.

Раисҷумҳури Амрико дар даврони рақобатҳои интихоботӣ борҳо бо иттиҳомҳои сӯирафтори ҷинсӣ бо занон рӯ ба рӯ шуд, аммо онҳоро рад кард.