Аксе, ки дунёро такон дод ва аккосашро нобуд кард
25 сол пеш дар 28 марти 1993 рӯзномаи Ню-Йорк Таймз аксе мунташир кард, ки агарчи аккосашро ба ҷоизаи Пулитсер расонд, аммо нобудии ӯро ҳам рақам зад.
Соли 1993 агарчи ҳануз хабаре аз шабакаҳои иҷтимоӣ набуд, аммо аксе, ки Кевин Картер, аккоси Ню-Йорк Таймз дар Судон гирифт ва баъдҳо ба кӯдак ва каркас шуҳрат ёфт, чунон дар расонаҳо бознашр ёфт, ки ҷоизаи Пулитсерро насиби Картер кард.
Вай ба Судон рафта буд, то бо аксҳояш паёмадҳои ҷанги дохилиро нишон диҳад.
Ӯ дар як километрии кампи тағзияи Созмони милал бо шунидани садои нолае ба самти кӯдаке рафт, ки аз шиддати заъф, нои рафтан ба кампро ҳам надошт.
Дар ҳамон ҳол, Картер дид, каркасе наздик мешавад, то баъд аз мурдани бача корашро бисозад.
Аккос низ мунтазир мемонад, аммо баъди 20 дақиқа интизор сабраш тамом мешавад, аксашро мегирад ва меравад.
Ӯ вазифаи ҳирфаиашро анҷом дода буд, аммо талхии иттиҳоми бевиҷдонӣ ва беэътиноӣ ба сарнавишти сюжеташ, бештар аз ширинии муваффақияташ буд.
Ин азоби виҷдон боис шуд, то Картер 27 июли 1994 як шиланг ба эгзузи мошинаш васл кунад ва бо танаффуси менооксиди карбон дар 33 солагӣ ба зиндагии худ поён диҳад.
Соли 2011 марде, ки иддао мекард, падари кӯдак аст, дар мусоҳиба бо нашрияи Испания гуфт, писари ӯро ҳамон мавқеъ нерӯҳои кампи Созмони милал ёфтанд ва наҷот доданд, аммо ӯ ҳам оқибат 2007 дар асари таби шадид ҷон сипурд.