Русия дипломатҳои ғарбиро ихроҷ мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31906-Русия_дипломатҳои_ғарбиро_ихроҷ_мекунад
Раиси Шӯрои федератсияи Русия эълом кард, ин кишвар ба ихроҷи ҷамъе дипломатҳои русӣ аз кишварҳои ғарбӣ посухи мутақобил ва баробар хоҳад дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 28, 2018 15:31 Asia/Dushanbe
  • Русия дипломатҳои ғарбиро ихроҷ мекунад

Раиси Шӯрои федератсияи Русия эълом кард, ин кишвар ба ихроҷи ҷамъе дипломатҳои русӣ аз кишварҳои ғарбӣ посухи мутақобил ва баробар хоҳад дод.

Ба нақл аз РИА Новости, Валентина Матвиенко гуфт, бидуни тардид Русия дар чорчуби иқдомоти дипломатик вокунише мутаносиб нишон хоҳад дод ва бо риояти асли баробарӣ, ба теъдоди дипломатҳои руси ихроҷшуда аз кишварҳои ғарбӣ, дипломатҳои ғарбиро аз Русия ихроҷ хоҳад кард.

Бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Австралия, дипломатҳои русро дар вокуниш ба масмумияти Сергей Скрилл, ҷосуси пешини рус дар Британия ва духтараш Юлия ихроҷ кардаанд.  

Сергей Скрилл ва духтараш чанде пеш дар Британия бо гази аъсоб масмум шуданд ва мақомоти Лондон, Русияро дар ин ҳодиса муқассир медонанд.  

Скрилл, ки 2006 дар Русия ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Лондон ба 13 сол ҳабс маҳкум ва ба Британия паноҳанда шуд, муттаҳам буд, ҳуввияти ҷосусони русро дар Аврупо дар ихтиёри Созмони ҷосусии Британия қарор додааст.