Вокуниши Толибон ба Нишасти байналмилалии Тошканд
(last modified Fri, 30 Mar 2018 12:10:31 GMT )
Март 30, 2018 17:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Толибон ба Нишасти байналмилалии Тошканд

Гурӯҳи Толибон ба баргузории Нишасти байналмилалии Тошканди Узбакистон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон вокуниш нишон дод.

Ба нақл аз Тасним, Толибон дар вокуниш ба баргузории нишасти Тошканд хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом кард: Сулҳ дар Афғонистон бо ҳузур ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба вижа амрикоиҳо муҳаққақ намешавад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд талош кунад, то нерӯҳои хориҷӣ хоки ин кишварро тарк кунанд.

Толибон афзуд: Ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон бидуни шак ба зарари кишварҳои минтақа аст.

Нишасти байналмилалии дурӯзаи «таъмини амният дар Афғонистон ва ҳамкории минтақаӣ» дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон сешанбе дар баёнияи поёнии худ, бар лузуми оғози музокироти давлати Афғонистон ва Толибон таъкид кард.  

Ҳамакнун беш аз 15 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд ва дар канори ин нерӯҳо, беш аз се ҳазор низомӣ аз дигар кишварҳои узви НАТО низ ҳузур доранд.