Март 30, 2018 19:49 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафирони чандин кишвари ғарбӣ ба Вазорати хориҷаи Русия

Вазорати хориҷаи Русия сафирони кишварҳои ғарбиро, ки дипломатҳои русро ихроҷ кардаанд, эҳзор кард.

Вазорати хориҷаи Русия ҷумъа сафирони кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Британия, Фаронса, Италия ва Олмонро ба манзури шунидани тавзеҳашон дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус фаро хонд.  

Вазорат таъкид кард, Сергей Лавров, вазири хориҷаи ин кишвар мутааҳҳид шуда, дипломатҳои кишварҳоеро, ки иқдом ба ихроҷи дипломатҳои рус кардаанд, ихроҷ кунад.

Русия дар посух ба ихроҷи сафиронаш аз кишварҳои ғарбӣ, панҷшанбе 60 дипломати Амрикоиро аз хоки Русия ихроҷ кард.  

Рӯзи душанбе Амрико ва 30 кишвари ҷаҳон дар иқдоме ҳамоҳанг, шуморе аз дипломатҳои русро дар ҳимоят аз Британия дар моҷарои масмум шудани Сергей Скрилл, ҷосуси пешини Русия дар Британия, аз кишварашон ихроҷ карданд.