Апрел 03, 2018 20:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Гутерреш дар бораи фоҷиаи инсонӣ дар Яман

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, Яман шоҳиди бузургтарин фоҷеаи инсонӣ дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши шабака телевизионии “Алҷазира”, Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе дар конфронси кишварҳои кумаккунанда ба Яман дар Женева (Швейтсария) гуфт, беш аз бисту ду миллион нафар дар Яман ба дарёфти кумакҳои фаврӣ ниёз дорад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, аз чор се ҳиссаи оворагон дар Яман кӯдакон ҳастанд. Ба гуфтаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, барои бароварда кардани ниёзҳои аввалияи мардуми Яман ба ду миллиарду шашсад миллион доллар кумак ниёз аст. Дабири кулли СММ ҳамчунин хостори боз шудани ҳама бандар ва фурудгоҳҳои Яман, аз ҷумла фурудгоҳи Санъо барои кумакрасонӣ ба осебдидагон дар ин кишвар шуд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ аз моҳи марти соли 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп