Апрел 04, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ҷашни Наврӯз

Раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар маросими вижаи таҷлил аз Наврӯз дар пойтахти Афғонистон гуфт: Наврӯз намунаи як фарҳанг ва тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ аст, ки бояд аз он посдорӣ шавад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими вижаи Наврӯз дар толори Вазорати хориҷаи Афғонистон дар Кобул афзуд: Ҷашни Наврӯз намоди ҳамгароӣ ва ҳамдигарпазирии миёни мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аст.

Вай таъкид кард, давлати ваҳдати милли Афғонистон дар соли ҷадид дар заминаи беҳбуд вазъият, таъмини сулҳ ва амният тамаркузи бештар хоҳад кард.

Иди Наврӯз, ки ҷашни ақвоми эронӣ аст, дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад ва дар кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, ҷумҳури Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо номи Наврӯз дар тақвими расмӣ таътил аст.  

Маҷмаи умумии Созмони милал 23 феврали 2010 бо тасвиби қатъномае, 21 мартро дар чорчуби моддаи 49 маншури Созмони милал ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз номгузорӣ кард.

 

Барчасп