Апрел 07, 2018 09:04 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 8 ҳазор диишӣ аз Сурия ба шимоли Афғонистон

Мақомоти амниятии Тоҷикистон муътақиданд, пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия 8 ҳазор узви ин созмон ба шимоли Афғонистон мунтақил шудаанд.

Ба гузориши сайти хабаргузории ТАСС, ин матлабро генерал Сергей Смирнов, муовини аввали раиси Хадамоти амнияти федералии Русия бо истинод ба мақомоти амниятии Тоҷикистон дар сивудувумин нишасти масъулони сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканди Ӯзбакистон иброз дошт.

Вай дар ин нишаст гуфт, авзои ногувори амниятии Афғонистон ва наздикии ин кишвар бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ боиси нигаронии мақомоти 8 кишвари узви Созмони Ҳамкории Шанхай шудааст. Зеро нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ пас аз шикаст дар Сурия, дар ҳоли истиқрор дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳастанд.

Аз дидгоҳи муовини аввали раиси Хадамоти амнияти федералии Русия, нуктаи нигаронкунанда ин аст, ки дар миёни аъзои гурӯҳи ДИИШ, ки ба Афғонистон мунтақил мешаванд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ вуҷуд доранд.

Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия низ дар конфронси амниятии Маскав аз таҷаммуи аъзои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буд.