Оташсӯзии идомадор 11 генерали Путинро хонанишин кард
Раиси ҷумҳурии Русия бо судури ҳукме 11 генерали русро барканор кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин генералҳо аз Вазорати дохила, Хадамоти федералии тафтишоти ҷурмҳо, Кумитаи тафтишот ва Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия ҳастанд.
Расонаҳои русӣ ҳанӯз ба ҷузъиёт ё далоили ин тасмими Путин ишорае накардаанд, аммо гуфта мешавад, дар пайи идомаи оташсӯзиҳо дар марказҳои тиҷории Русия ин тасмим гирифта шудааст.
Чаҳоршанбеи гузашта дар оташсӯзии як маркази тиҷорӣ дар Маскав як тан кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуданд.
Ду ҳафта пеш низ дар оташсӯзии як маркази тиҷорӣ дар шаҳри Кемерово, дар ноҳияи федералии Сибир 64 тан, ки бештарашон кӯдак буданд, ҷон бохтанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия пас аз ин ҳодиса роҳии Сибир шуд ва бо ҳузур дар маҳал ва дидор бо масъулони маҳаллӣ, зимни интиқоди шадид аз фасоди идорӣ дар Русия гуфт, муқассирони ин ҳодиса муҷозот хоҳанд шуд.