Апрел 07, 2018 11:46 Asia/Dushanbe
  • 2/7 миллион аврупоӣ, қурбонии расвоии Фейсбук

Иттиҳодияи Аврупо баровард кардааст, ки ду миллиону 700 ҳазор шаҳрванд дар ин иттиҳодия қурбонии ҳифозат нашудани иттилооти шахсӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шуда бошанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа аз масъулони Фейсбук дархости посухгӯии бештар дар ин замина кард.

Кристиян Вигенд гуфт: Фейсбук тайид кардааст иттилооти ду миллиону 700 ҳазор шаҳрванди кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мумкин аст дар ихтиёри ширкати Камбриҷ  Аналитика қарор гирифта бошад.

Фейсбук ба тозагӣ эълом кард камаш 87 миллион корбар дар саросари ҷаҳон дар маърази ифшои иттилоот қарор гирифтаанд, ки бисёре аз ин корбарон дар хориҷ аз Аврупо зиндагӣ мекунанд ва теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз онҳо низ дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ба сар мебаранд.

Ширкати таҳлили додаҳои Камбриҷ Аналитика, ки бо ситоди интихоботии Доналд Трамп ҳамкорӣ дошта ба ҳифзи бахше аз иттилооти корбарони Фейсбук пас аз ваъдаи ҳазфи онҳо муттаҳам шуда ва фаолияташ ба ҳоли таълиқ даромадааст.