Оташсӯзӣ дар Бурҷи Трамп - Панҷ куштаву захмӣ (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32336-Оташсӯзӣ_дар_Бурҷи_Трамп_Панҷ_куштаву_захмӣ_(видео)
Бар асари оташсӯзии табақаи 50-уми Бурҷи Трамп дар Манҳэттени Ню-Йорк, як нафар кушта ва чаҳор нафар захми шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 08, 2018 04:21 Asia/Dushanbe

Бар асари оташсӯзии табақаи 50-уми Бурҷи Трамп дар Манҳэттени Ню-Йорк, як нафар кушта ва чаҳор нафар захми шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Ню-Йорк, иллати оташсӯзӣ ҳанӯз мушаххас нест, вале таҳқиқот дар ин замина дар ҷараён аст.

Ду моҳ пеш ҳам дар пушти боми Бурҷи Трамп воқеъ дар хиёбони панҷум дар Манҳэттен оташсӯзӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Вашингтон басар мебарад.