Август 30, 2016 19:21 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши раиси ҷумҳурии Афғонистон ба иқдоми Покистон дар бастани марзҳо

Дар вокуниш ба иқдоми давлати Покистон дар бастани марзи "Спин-Булдак", раиси ҷумҳурии Афғонистон аз бозаргонони афғон хост, маҳсулоти худро аз масирҳои ҳавоӣ ба Ҳинд содир кунанд.

Ба гузориши ИРНА, муовини Утоқи тиҷорати Афғонистон эълом кард, ки Муҳаммад Ашрафғанӣ дастур додааст то маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҳо аз масирҳои ҳавоӣ ба Ҳинд содир шаванд.

Хонҷон Алкозай гуфт, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ин тасмимро дар дидор бо аъзои Утоқи тиҷорат ва саноеи ин кишвар эълом кард ва ба фурудгоҳҳои ин кишвар дастур дод то ҳазинаи ҳамли маҳсулоти зироатии бозаргонони афғон ба нисф коҳиш ёбад.

Ашрафғанӣ ҳамчунин 3 вазири кобинаи худро маъмур кардааст то дар як нишасти муштарак мавзӯи интиқоли маҳсулоти кишоварзии Афғонистон ба Ҳиндро баррасӣ ва ба зудӣ кори содироти меваро аз роҳи ҳавоӣ оғоз кунанд.

Исломобод аз ду ҳафтаи қабл марзи "Спин-Булдак" байни Афғонистон ва Покистон, дар устони Қандаҳорро, ки танҳо роҳи тиҷорӣ миёни ду кишвар дар ҷануби Афғонистон аст, бастааст.

Афғонистон эълом кардааст, ки гуфтугӯҳои ду тараф барои боз шудани ин марз бенатиҷа мондааст.

Ҳар сол бо эҷоди мушкилоти марзӣ аз сӯйи Покистон, маҳсулоти кишоварзии содиротии Афғонистон аз байн меравад ва кишоварзону бозаргонони афғон зиёни фаровон мебинанд.

 

Барчасп