Апрел 09, 2018 16:53 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Афғонистон ба ҳимояти Британия аз ҳисоркашӣ дар хатти фарзии Дюранд

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфт, ҳисоркашии Покистон дар тӯли хатти фарзии Дюранд бо ҳимояти Британия наметавонд монеъ аз рафтуомади террористҳо шавад.

Қодир Шоҳ дар вокуниш ба ҳимояти фармондеҳи Ситоди артиши Британия аз иқдоми Покистон дар ҳисоркашӣ дар хатти фарзии Дюранд гуфт, паноҳгоҳҳои амни террористҳо дар ин тарафи ин хат қарор дорад ва беҳтар аст давлати Исломобод ба ҷойи ҳисоркашӣ паноҳгоҳҳои террористҳоро нобуд кунад.

Патрик Картер, фармондеҳи Ситоди артиши Британия дар дидори ахираш бо Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи нерӯи заминии артиши Покистон дар Ровалпинди аз ҳисоркашии ин кишвар дар тӯли хатти фарзии Дюранд ҳимоят кард.

Дар сентябри соли 1893 тавофуқномаи хатти фарзии Дюранд миёни Ҳенри Мортимер Дюранд, дабири умури хориҷаи Ҳинди мустамликаи Британия ва Амир Абдурраҳмон, ҳокими Афғонистон ҷиҳати таъйини ҳудуди шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон бо Ҳинди мустамликаи Британия имзо шуд. Мақомот ва мардуми Афғонистон ин тавофуқномаро намепазиранд ва бархе маҳофил дар ин кишвар муддати эътибори онро сад сол медонанд ва бар ин эътиқоданд, ки бо сипарӣ шудани ин муҳлат, Покистон бояд бо ақибнишинӣ аз хатти фарзии Дюранд ба марзҳои замони истеъмори Британия бар нимқораи Ҳинд бозгардад. Ин дар ҳолест, ки Покистон бо он мухолиф аст ва ҳамвора кӯшидааст бо дахолат дар умури сиёсии Афғонистон ва истиқрори давлати таҳти ҳимояти худ дар Кобул, монеъ аз тарҳи хатти Дюранд шавад ва дар сурати имкон мувофиқати Кобулро барои табдили хатти фарзии Дюранд ба марзи байналмилалӣ миёни Покистон ва Афғонистон ҷалб кунад. Ин дар ҳолест, ки хатти фарзии Дюранд ба масъалаи миллӣ дар Афғонистон табдил шуда ва ҳатто режими Толибон, ки дастнишондаи Исломобод дар Кобул буд, бо ин хостаи Покистон мувофиқат накард.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон мегӯяд, мардуми Афғонистон хатти фарзии Дюрандро, ки бо зӯри истеъмори Британия бар Афғонистон таҳмил шудааст, ба расмият намешиносанд ва ин масъаларо чун Афғонистон ба расмият нашинохта, ҳукумати Англия инро дарк кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Британия ҳангоми хуруҷ аз манотиқи таҳти истеъмори худ бисёр фитнаангезӣ карда то кишварҳо ҳамвора бо ҳам даргир бошанд, хатти Дюрандро низ кашид то Афғонистон ва Покистон ҳеҷ гоҳ рӯйи оромишро набинанд ва дар мавриди Ҳинд бо Покистон низ фитнаи Кашмирро эҷод кард, ки онҳо низ ҳамчунон бо таниш ва даргирӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Аз он ҷо ки Покистон хатти фарзии Дюрандро марзи байналмилалии худ бо Афғонистон медонад, ба ҳар шакли мумкин мекӯшад бо таҳти фишор қарор додани давлати Кобул, онро барои пазириши хатти Дюранд водор кунад.

Доктор Сайидваҳид Зуҳури Ҳусайнӣ, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ин як воқеияти таърихӣ аст, ки хатти Дюранд ба унвони “устухоне дар гулӯ", пеш аз истиқлоли Покистон ва дар замони Ҳинди Британия, тавассути истеъмори Англия эҷод шуд. Покистон бо кашидани ҳисор дар тӯли хатти Дюранд, ба дунболи нуфуз дар хоки Афғонистон аст ва паштунистонро мутааллиқ ба худ медонанд, дар ҳоле ки ин минтақа ҷузъи ҷудонашавандаи хоки Афғонистон аст.

Дар ҳар ҳол, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Британия худ фитнаи хатти Дюрандро миёни Афғонистон ва Покистон коштааст, аз ҳисоркашии он аз сӯйи Покистон низ ҳимоят мекунад то зимни доман задан ба таниш дар равобити Кобул ва Исломобод бо ҷалби назари Покистон, ки таҳти фишорҳои Амрико қарор дорад, мавқеияти Лондонро дар Покистон тақвият кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба нафрати рӯзафзуни мардуми Афғонистон аз Англия ва шикасти ин кишвар аз Афғонистон дар даврони истеъмори ин кишвар, давлати Лондон ба гунае бо ҳимоят аз мавзеи Покистон дар мавриди хатти фарзии Дюранд, ба дунболи интиқомгирӣ аз Афғонистон ҳам ҳаст.

 

Барчасп