Апрел 11, 2018 09:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақомоти Русия ба ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Сурия

Намояндаи доими Русия дар Иттиҳоди Аврупо дар бораи паёмадҳои ҷиддии ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Сурия ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Владимир Чижов афзуд, агар шаҳрвандони рус дар Сурия бар асари ҳамлаи Амрико осеб бубинанд, паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Ховари Миёна низ рӯзи сешанбе таъкид кард, таҳоҷуми низомии эҳтимолии Амрико ба Сурия паёмадҳои шадиде дар пай хоҳад дошт.

Владимир Шаманов, раиси Кумитаи дифои Маҷлиси думаи Русия низ гуфта буд, Русия дар сурати ниёз ба иқдоми эҳтимолии Вашингтон алайҳи Сурия посухи ҳамсон хоҳад дод.

Террористҳои сурӣ муддаӣ шудаанд, шаҳри Думаи Сурия шомгоҳи шанбе ҳадафи бомбаборони кимиёӣ қарор гирифтааст, ки дар натиҷаи он 75 нафар кушта ва даҳҳо тан заҳролуд шуданд.

Давлати Сурия ҳар гуна дахолат дар ин ҳамлаи кимиёиро рад кардааст.

 

Барчасп