Мухолифати Британия бо дархости Амрико барои ҳамла ба Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32522-Мухолифати_Британия_бо_дархости_Амрико_барои_ҳамла_ба_Сурия
Як рӯзномаи британияӣ навишт, нахуствазири ин кишвар бо дархости раисҷумҳури Амрико барои ҳамлаи фаврӣ ба Сурия мухолифат кардааст.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 11, 2018 16:11 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Британия бо дархости Амрико барои ҳамла ба Сурия

Як рӯзномаи британияӣ навишт, нахуствазири ин кишвар бо дархости раисҷумҳури Амрико барои ҳамлаи фаврӣ ба Сурия мухолифат кардааст.  

Рӯзномаи британияии Таймс навишт, Тереза Май дар гуфтугӯи телефонӣ бо Доналд Трамп гуфтааст, барои мушорикати Лондон дар ҳамлаи низомӣ алайҳи Сурия ба мадорики бештаре ниёз дорад.

Трамп натавонистааст, Тереза Майро барои ҳамла ба Сурия қонеъ кунад.

Ин рӯзномаи британияӣ навиштааст: “Трамп душанбе гуфта буд, Амрико зарфи 48 соат дар вокуниш ба ҳамлаи эҳтимолии химиявӣ дар Сурия тасмимгирӣ хоҳад кард, бо ин ҳол ҳарчи ба поёни ин муҳлат наздик мешавем, ба назар мерасад, ки ӯ низ аз мавозеи худ ақибнишинӣ кардааст”.