200 кушта бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ дар Алҷазоир
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32524
Мақомоти Алҷазоир аз кушта шудани 200 нафар бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ дар ин кишвар хабар доданд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 11, 2018 17:04 Asia/Dushanbe
  • 200 кушта бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ дар Алҷазоир

Мақомоти Алҷазоир аз кушта шудани 200 нафар бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ дар ин кишвар хабар доданд.  

Ин ҳавопаймои низомӣ имрӯз наздики фурӯдгоҳи Буфарик дар шимоли ин кишвар суқут кард.  

Бештари қурбониёни суқути ин ҳавопаймо, низомӣ ҳастанд.

Як манбаи низомӣ дар Алҷазоир тайид кард, ҳамаи 200 сарнишини ҳавопаймои низомӣ, ки наздики фурӯдгоҳи Буфарик суқут кард, кушта шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳавопаймо аз нави Илушин вижаи ҳамлу нақл ва имдодрасонӣ будааст.