Раҷазхонии Трамп зидди Русия ва посухи Путин, ҷанги дигаре дар роҳ аст?
(last modified 2018-04-11T13:53:10+00:00 )
Апрел 11, 2018 18:53 Asia/Dushanbe
  • Раҷазхонии Трамп зидди Русия ва посухи Путин, ҷанги дигаре дар роҳ аст?

Дар ҳоле, ки раҷазхонии Трамп зидди Русия бо посухи Путин ҳамроҳ шуд, нигарониҳо аз боло гирифтани буҳрон ва оғози ҷанги ҷадид дар Сурия шиддат ёфтааст.  

Раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбе дар Твиттер навишт: “Русия иддао карда, ки ҳар мушаке ва тамоми мушакҳоеро, ки ба самти Сурия шиллик шавад, соқит мекунад. Омода бош Русия! Чун мушакҳо доранд меоянд. Зебо, ҷадид ва ҳушманд”!

Трамп дар паёми дигаре низ навишт, ки равобити Амрико бо Русия акнун бадтар аз ҳар замони дигаре аст.

Шабакаи амрикоии Факс-Ниюз ҳам имрӯз муддаӣ шуд, ки то чанд соати оянда ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Сурия оғоз хоҳад шуд.  

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар паи таҳдидҳои Трамп дар бораи ҳамла ба Сурия аз фармондеҳони артиши Русия хостааст, ки ҷавоби оташи Амрикоро бо оташ бидиҳанд.

Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар посух ба твитҳои Трамп гуфт, мушакҳои ҳушманди Амрико бояд ба самти террористҳо шиллик шаванд на ба сӯи давлати қонунии Сурия, ки чандин сол дар ҳоли набард бо терроризми байналмилалӣ аст.  

Сафири Русия дар Лубнон низ дар вокуниш ба таҳдидҳои Амрико зидди Сурия гуфт, кишвараш ҳар мушаки Амрикоро, ки ба Сурия шиллик шавад, дар ҳаво нобуд хоҳад кард.  

Ҷангталабии ҷадиди Трамп дар Сурия дар ҳоле аст, ки ӯ камтар аз як сол пеш дар твитте навишта буд: “Агар раҳбарони аҳмақи Амрико ба Сурия ҳамла кунанд, иттифоқоти бисёр баде рӯй медиҳад ва аз ин ҷанг чизе оиди Амрико намешавад”.