Апрел 12, 2018 12:24 Asia/Dushanbe
  • Моҷароҷӯии ҷадиди Трамп дар Сурия

Пирӯзиҳои ҷабҳаи муқовимат дар Ироқ ва Сурия ва шикастҳои паёпайи гурӯҳҳои террористии такфирӣ дар ин ду кишвар боис шудааст, ки Амрико бо баҳонаҳои такрорӣ ва иддаоҳои беасос ба дунболи моҷароҷӯиҳои тозае дар Сурия бошад.

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири умури байналмилали Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ки барои ширкат дар конфронси байналмилалии “Ал-Қудс ваҷҳатано” (Қудс рӯйкард ва мақсади мо) ба Сурия сафар кардааст, рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА дар Димишқ, бо ишора ба иттиҳоми Амрико алайҳи Сурия дар истифода аз силоҳи кимиёӣ дар шаҳри Дума, дар Ғутаи Шарқӣ гуфт, артиши Сурия пирӯзии бузурге бо шикасти террористҳо дар Ғутаи Шарқӣ ба даст овард ва амнияти атрофи Димишқ пас аз ҳафт сол барқарор шуд. Бинобарин Амрико ва муттаҳидонаш ба дунболи тавтеаи ҷадиде барои сарпӯш гузоштан бар шикастҳои худ дар Сурия ҳастанд.

Пеш аз ин низ Доналд Трамп ба баҳонаи ҳамлаи кимиёӣ дастури шиллики даҳҳо мушак ба пойгоҳи ҳавоии низомии “Аш-Шаъирот” дар Ҳумсро содир кард. Аммо ахиран Симур Ҳарш, нависандаи машҳури амрикоӣ фош кард: "Ҳамон мавқеъ созмони иттилооти Амрико ба Трамп таъкид кард, ки ҳеҷ далел ва мадраке бар ин ки давлати Сурия пушти ҳамлаи кимиёӣ дар Хон Шайхун, дар наздикии шаҳри Идлиб дар моҳи апрели гузашта қарор дорад, вуҷуд надорад”.

Имод Обшинос, таҳлилгари сиёсӣ ва пажӯҳишгари мутолеоти Ховари Миёнаи Маркази мутолеоти ҷаҳони Донишгоҳи Теҳрон дар мусоҳиба бо “Спутник” гуфт: “Террористҳои тағзияшаванда тавассути амрикоиҳо ва саудиҳо дар Ғутаи Шарқӣ шикаст хӯрдаанд. Дар ин робита Амрико ва Исроил талош мекунанд тавозуни қувваҳо дар Сурияро барҳам бизананд. Иёлоти Муттаҳида ба ин далел баҳонаи ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро барои амалиёти ҷангӣ тарошидааст”.

Амрико бо вуҷуди ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, акнун худро бозандаи ин буҳронсозӣ мебинад, ба ҳамин далел мекӯшад монеъ аз поёни буҳрон дар Сурия шавад.

Ба иборате дигар, таҳаррукот ва таҳдидҳои Трампро мебоист дар ростои сарпӯш гузоштан бар шикасти гурӯҳҳои террористӣ ва гирифта шудани баҳона аз дасти Амрико барои мудохила дар минтақа донист.

Ин шикастҳо қатъан барои Вашингтон, Риёз ва Тел-Авив пурҳазина аст. Аз ин рӯ моҷароҷӯии Амрико дар Сурия дур аз интизор нест.

Абдулбори Атвон, таҳлилгари барҷастаи араб дар таҳлиле дар рӯзномаи “Раъй- ал-явм” навиштааст: “Баъид нест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш дар Сурия як ҳодисаи кимиёӣ ҷаъл (сохтан, дуруст кардан) кунанд ва мушакҳои Tomahawk барои ҳамла ба аҳдофи низомӣ дар Сурия ва интиқол ба марҳилаи дувум аз ҷанг, яъне марҳилаи тағйири низом шиллик кунанд. Амре, ки мунҷар ба вуқӯи ҷанги ҷаҳонӣ мешавад. Зеро русҳо ба хештандорӣ ва таҳаммули иҳонатҳо идома намедиҳанд”.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ бо ҳушдор нисбат ба паёмадҳои иқдомоти якҷонибаи Амрико ва зери по гузоштани аслу усули ҳуқуқи байналмилал ва ҳокимияти миллии Сурия гуфтааст, бидуни шак рафторҳои нобихрадона ва моҷароҷӯёнаи Амрико дар Сурия далели равшани бозӣ бо оташ буда ва саҳнаи низомӣ дар ин кишвар идомаи таҷовузи яктарафаи Амрико ба Сурия ва рӯбарӯ нашудан бо вокуниши ҳамсонро тағйир хоҳад дод.