Апрел 12, 2018 16:54 Asia/Dushanbe
  • Мухолифатҳо бо ҳамлаи низомӣ ба Сурия

Мухолифатҳо бо ҷангафрузиҳои ҷадиди Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш алайҳи Сурия, идома дорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Берни Сандерс, сенатори амрикоӣ гуфт, Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар «ихтиёроти қонунӣ» барои афзоиши дахолати низомии Амрико дар Сурияро надорад.

Сандерс чаҳоршанбешаб дар баёнияе эълом кард, Конгресси Амрико таъйинкунандаи ҳузур ин кишвар дар ҷанг аст ва набояд ин масъулиятро аз худ салб кунад.

Майк Ли, сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлат Юта ҳам рӯзи душанбе гуфта буд, Трамп қабл аз иқдоми низомии ҷадид алайҳи Сурия бояд, аз Конгресс дархости муҷаввиз кунад.

Дар канори чунин мухолифатҳои шаклӣ, мухолифатҳои бунёдин бо ҳамлаи низомӣ ба Сурия низ дар Амрико ва Аврупо шакл гирифтааст.

Ҷорҷ Митчел, фиристодаи вижаи собиқи Амрико дар Ховари Миёна гуфтааст, аксари мардум ва низ Конгресси Амрико бо таваҷҷуҳ ба ду таҷрибаи қаблии ҷанги Афғонистон ва Ироқ, мувофиқи вуруди Вашингтон ба ҷанги дигар дар Ховари Миёна нестанд.

Дар Бритониё низ Ҷереми Корбин, раҳбари Ҳизби коргар, бузургтарин ҳизби мухолифи давлат гуфтааст, парлумон бояд дар мавриди ҳар гуна иқдоми низомии давлати Тереза Мэй, нахуствазир дар Сурия изҳори назар кунад ва Лондон наметавонд дучори хатари афзоиши танишҳо бештар аз ин ки ҳаст, Бишавад.

Дар ҳамин ҳол, эътилофи зиддиҷанг дар Бритониё номаи электронӣ эҷод кардааст, то мардум бо имзои он барои ҷилавгирӣ аз мушорикати кишварашон дар ҳамлаи низомӣ ба Сурия, иқдом кунанд.

Аз Лондон хабар мерасад, қарор аст, дар рӯзҳои оянда тазоҳуроти густурдае дар мухолифати ҳамла ба Сурия, дар муқобили дафтари нахуствазирӣ баргузор шавад.