Апрел 12, 2018 21:16 Asia/Dushanbe
  • Шикоят аз давлати Амрико ба иттиҳоми сиёҳнамоӣ алайҳи мусулмонон

Ду ниҳоди ғайри давлатии амрикоӣ, аз Вазорати додгустарӣ ва Вазорати амнияти дохилии ин кишвар ба далели дарҷи иттилооти нодуруст, алайҳи мусулмонон шикоят карданд.

Ба гузориши “CA News”, Анҷумани вакилони мусулмон ва Муассисаи «Пешбурди демакратия» аз ин ду вазоратхона хоста буданд, иттилооти нодурусти гузориши худро тасҳеҳ кунанд, ки бо худдории онҳо, ин ду ниҳод ба додгоҳ шикоят карданд.

Бар асоси ин шикоятнома, иттилооти ироа шуда дар гузориши ин ду вазоратхона дар бораи таҳдиди муҳоҷирон ва хориҷитаборҳо алайҳи Амрико, ба шиддат муболиғаомез аст ва танҳо бар мусулмонон тамаркуз дорад.

Ин ду ниҳод таъкид карданд, гузориши мавриди назар бо таҳрифи иттилоот ва нодида гирифтани мавориде мисли ҳаводиси террористии дохилӣ, ки шаҳрвандони амрикоӣ омили он ҳастанд, талош дорад ба натоиҷи мавриди назари худ, ки зидди муҳоҷирон ва зидди мусулмонон аст, бирасад.

Дар гузориши ин ду вазоратхона омадааст, дар бораи фаъолитҳои террористие, ки январи 2019 ба Доналд Трамп ироа шуд, мавзӯоти нодуруст аз нақши манфии муҳоҷирон ва бавижа мусулмонон дар амнияти Амрико, матраҳ шудааст.

 

Барчасп